Ба гузориши хабаргузории Абна ба нақл аз АлҶазира, Вазорати умури хориҷаи Покистон эълон кард, ки ҳайати олирутба иборат аз муовини нахуствазир, вазири мудофиа ва роҳбари Ситоди муштараки артиши ин кишвар имрӯз душанбе ба Арабистони Саудӣ сафар хоҳад кард.
Бар асоси ин гузориш, ҳадафи сафари ҳайати олирутбаи Покистон ба Арабистони Саудӣ иштирок дар нишасти кумитаи сиёсӣ ва мудофиавии ташкилшуда бар асоси Созишномаи Макка мебошад.
Вазорати умури хориҷаи Покистон илова кард, ки дар ин нишаст дар Риёз масъулони барҷастаи кишварҳои узв, яъне Покистон, Арабистони Саудӣ ва Туркия иштирок хоҳанд кард.
Қарор аст дар нишасти Риёз дар бораи охирин таҳаввулоти минтақа ва ҳамкориҳои ҷорӣ бар асоси Созишномаи Макка машварат шавад. Пештар вазири умури хориҷаи Покистон эълон карда буд, ки кумитаи мазкур нишасти фавқулодда дар бораи таҳаввулоти Яман ва амалиётҳои нерӯҳои Ансоруллоҳ алайҳи Арабистони Саудӣ баргузор хоҳад кард. Ин дар ҳолест, ки ҳамлаҳои Арабистони Саудӣ алайҳи минтақаҳои истиқоматӣ ва ғайринизомии Яман идома дорад.
Your Comment